logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

Банақшагирандаи буҷети хоҷагӣ



Хоҳишҳо зиёданд, аммо пул, чун ҳамеша, намерасад? Шумо чӣ гуна пули худро идора мекунед? Аз чӣ сар кардан лозим аст?
Ин хеле осон аст - ба сабт кардани тамоми даромад ва хароҷоти худ шурӯъ намоед ва шумо инҳоро мефаҳмед: Дар кадом харид сарфаҷӯӣ карда метавонед? Пулҳои шумо воқеан ба куҷо харҷ мешаванд?
Он чизеро, ки дер боз орзу мекардед, кай харида метавонед?
Барои ин, ба шумо танҳо қалам, ин банақшагирандаи хароҷоти оилавӣ ва 10 дақиқа дар як рӯз лозим аст.

Зеркашӣ намудани "Банақшагирандаи буҷети хоҷагӣ" 



Васоити таълимӣ "Саводнокии молиявӣ"
 

  


Китоби дарсии мазкур курси муқаддимавии донишҳои асосӣ оид ба микроиқтисод ва макроиқтисодро барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар бар мегирад.
Бори аввал дар ин китоб ду сатҳи дониш пешбинӣ шудааст: сатҳи асосӣ – барои ҳамаи хонандагон; сатҳи пешрафта – барои онҳое, ки ба иқтисод шавқи бештар доранд
ва метавонанд мафҳумҳои мураккаби иқтисодиро азхуд кунанд.
Дар китоби мазкур луғати мафҳумҳои асосии иқтисодӣ ва феҳристи алифбоии истилоҳоти саҳифагӣ дохил карда шудаанд, ки кор бо китобро осон менамоянд.



Зеркаши намудани васоити таълимӣ "Саводнокии молиявӣ"




Брошура оид ба маърифати молиявӣ



Муомилаи дуруст бо маблағҳо яке аз малакаҳои муҳим барои банақшагирии муваффақи зиндагии инсон ба ҳисоб меравад. Ҷавонон аксар вақт дониши
ками молиявӣ доранд ё тамоман аз масоили ҳаррӯзаи марбут ба маблағ ва иқтисод огоҳ нестанд. Аз ин рӯ, ин қишри аҳолӣ дар гурӯҳи махсуси хатар
қарор дорад — набудани муҳофизат аз хавфҳое, ки бо қарздорӣ ва идоракунии нодурусти қарзҳо вобастаанд. 
Барои пешгирии чунин мушкилот, зарур аст,
ки ҷавонон тасаввуроти умумӣ дар бораи олами молия дошта бошанд ва бо мавзӯъҳои муҳими ин соҳа шинос шаванд. Ин хусусан ба фаҳмиши робитаҳои
иқтисодии асосӣ, истеъмоли оқилона, идоракунии маблағҳои шахсӣ ва буҷети оилавӣ, инчунин ба даст овардани дониш дар бораи пасандоз ва ҷамъоварии
сарват дахл дорад. 
Дар ин дастур ҷанбаҳои муҳими идоракунии молияи шахсӣ ба таври дастрас ва бо назардошти тамоюлҳои муосири рушди бахши
молиявӣ ва қонунгузории амалкунанда тавзеҳ дода шудаанд. Машқҳо ва супоришҳои дар ин дастур мавҷудбуда ба таҳкими фаъолиятҳои маърифатӣ,
мустақилият ва ташаббускории хонандагон дар соҳаи идоракунии молияи шахсӣ равона шудаанд.




Китоби дарсӣ оиди асосҳои иқтисодиёт 




Китоби дарсӣ курси муқаддимавии донишҳои асосӣ оид ба микроиқтисод ва макроиқтисодро барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар бар мегирад, ки омӯзиши фанн дар онҳо тӯли як соли таҳсил сурат мегирад.Бори аввал дар ин китоб ду сатҳи дониш пешбинӣ шудааст: Сатҳи асосӣ – барои ҳамаи хонандагон.Сатҳи пешрафта – барои онҳое, ки ба иқтисод шавқи бештар доранд ва метавонанд мафҳумҳои мураккаби иқтисодиро азхуд кунанд.
Дар китоб луғати мафҳумҳои асосии иқтисодӣ ва феҳристи алифбоии истилоҳоти саҳифагӣ дохил карда шудаанд, ки кор бо китобро осон менамоянд.


Зеркашӣ намудани китоб оиди асосҳои иқтисодиёт




Китоби "Бонкдорӣ"
























Китоби “Бонкдорӣ” бо саъю кӯшиши мутахассисони Фонди Хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Олмон) дар ҳамкории наздик
бо Бонки миллии Тоҷикистон омода шудааст. Китоби мазкур дар ин самт таҷрибаи нахустин буда, барои онҳое, ки асосҳои бонкдориро амиқ омӯхтан
мехоҳанд, пешбинӣ шудааст. Мундариҷаи китоб аз барномаҳои таълимии касбӣ “Мутахассиси бонкӣ” дар заминаи низоми дугонаи омӯзиш
иборат аст. Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир ба таълими касбӣ аҳамияти зиёд дода мешавад. Чунин тарзи таълим, ки дар Олмон истифода
мешавад, барои аксарияти кишварҳо намуна ба ҳисоб меравад. Он дорои аҳамияти фавқулода муҳим аст, зеро бо амалия сахт алоқамандӣ дорад.
Барномаи таълимӣ бахшҳои асосии машғулиятҳои назариявӣ, аз ҷумла “Асосҳои макроиқтисодӣ”, “Ҳисобдорӣ”, “Амалиётҳои амонатӣ”, “Қарздиҳӣ”,
“Муошират бо муштарӣ”, “Амалиёти ҳисоббаробаркунӣ” ва “Ҳуқуқ”-ро дар бар мегирад.



Зеркашӣ намудани китоби "Бонкдорӣ"




Брошураи "10 қадам ба тиҷораи муваффақ"  


 
Бо брошураи муфид оид ба соҳибкорӣ шинос шавед. Дар ин китобча ба шумо гуфта мешавад, ки чӣ гуна тиҷорати худро оғоз кунед, кадом қадамҳоро барои ин бояд анҷом диҳед ва ба чӣ диққат додан лозим аст. Брошура аз таҷрибаҳои дошта омода шуда аст, ба шумо кӯмак мекунад, ки қадамҳои аввалинро барои татбиқи идеяи худ дар ҳаёт гузоред.


Зеркашӣ намудани брошураи "10 қадам ба тиҷорати муваффақ"