Ҳангоми гум кардани корти бонкӣ ба телефони боварии ташкилоти қарзии молиявие, ки кортро интишор намудааст, тамос гирифта, хоҳиш намоед то амали онро қатъ созад. Сипас, ба офиси ташкилоти қарзии молиявӣ барои барқарор кардани корт муроҷиат намуданатон зарур аст. Бояд қайд кард, ки баъзе ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконияти қатъ ва боз кардани амалиёти кортро тавассути барномаи мобилии бонкӣ фароҳам меоранд.
Ташкилоти қарзии молиявӣ дар ин ҳолатҳо метавонад амали корти бонкиро қатъ намояд, аз ҷумла:
• Дар сурати пешниҳоди ариза оид ба гум ё дуздида шудани корти бонкӣ;
• Ҳангоми истифодаи корти бонкӣ аз ҷониби шахси ваколатдорнабуда;
• Ҳангоми риоя нашудани шартҳои “Шартномаи истифодаи кортҳои бонкӣ” аз ҷониби муштарӣ;
• Ҳангоми ошкор шудани амалиётҳои шубҳанок;
• Агар шахс ба фаъолияти террористӣ ё паҳн намудани силоҳи қатли ом гумонбар
Ҳангоми гирифтани қарз аз ташкилоти қарзии молиявӣ Шумо метавонад як ё якчанд намуди таъминоти зеринро пешниҳод намоед, аз ҷумла:
• Амвол;
• Коғазҳои қиматнок;
• Замонати тарафи сеюм;
• Кафолати бонк ё ташкилоти суғуртавӣ;
• Инчунин, амволи аз ҳисоби маблағи қарз харидашуда ҳамчун таъминот метавонад қабул карда шавад.
Муҳлати имтиёзноки қарз муҳлатест, ки дар давоми он Шумо танҳо фоизи қарзро пардохт мекунед.
Таърихи қарз – ахборот дар бораи қарзгиранда аст, ки дар бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад ва маълумот дар бораи иҷрои уҳдадориҳои базиммагирифтаро дар бар мегирад.
Капитализатсияи фоизҳо ин илова намудани фоизҳои ба маблағи аслии пасандоз ҳисобшуда ва баъдан ҳисоб кардани даромад ба маблағи пасандоз ва фоизҳои иловашуда мебошад. Ба ибораи дигар – ҳисоб кардани фоиз ба фоиз.
Маблағи пасандозро пеш аз муҳлат гирифта, фоизҳои ҳисобшударо на дар ҳама ҳолат нигоҳ доштан имкон дорад, зеро на ҳама намуди пасандоз чунин шартҳоро пешбинӣ менамояд. Пасандозҳое, ки чунин имкониятро пешниҳод менамоянд, одатан меъёри нисбатан пасти фоиз доранд. Ғайр аз ин, дар баъзе мавридҳо ҳангоми пеш аз муҳлат гирифтани маблағи чунин пасандоз, фоизи ҳисобшуда барои моҳи нопурра бекор мешавад.
Ҳамёни электронӣ – воситаи электронии пардохтӣ, микропротсессор (чип), таъминоти барномавии компютерӣ ва дигар воситаи барномавии 1 техникӣ, ки дар он маблағҳои электронӣ нигоҳ дошта шуда, тавассути он интиқоли маблағҳои электронӣ сурат мегирад.
Банкомат бо як қатор сабабҳо метавонад маблағи нақд пешниҳод накунад, аз ҷумла: норасоии маблағ дар суратҳисоби корти бонкӣ; қатъи амали корт; маҳдудияти рӯзона ё моҳона барои нақдикунии маблағ; анҷом расидани муҳлати амали корт; мушкилот бо банкомат; норасоии пули нақд дар банкомат; мушкилоти техникӣ ва ғ. Дар ҳама ҳолат Шумо метавонед ба рақами телефони боварии ташкилоти қарзии молиявие, ки корти бонкии Шуморо интишор намудааст тамос гирифта, ҷиҳати бартарафсозии мушкилии пешомада дархост гузоред.
Сомона ва суратҳисобҳои қалбакиро бо роҳҳои зерин муайян намудан мумкин аст, аз ҷумла: садои ғайримуқаррарӣ дар сабтҳои видеоӣ; тарҳи кӯҳнаи сомона; суроғаи нодурусти сомона дар браузер; фикру мулоҳизаҳои қалбакӣ ва ғ.
Ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолкунандаи хизматрасониҳои молиявӣ Шумо метавонед ба Бонки миллии Тоҷикистон тавассути якчанд воситаҳо, аз ҷумла: телефони боварӣ (44-600-15-20), муроҷиати электронӣ (murojiat.nbt.tj), аризаи хаттӣ (тавассути пешниҳоди он ба бинои марказии БМТ дар шаҳри Душанбе ва ё шуъбаҳои минтақавии БМТ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳраки Ғарм) ва муроҷиати шифоҳӣ (қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои муқарраршуда сурат мегирад, маълумотро аз сомонаи расмии БМТ www.nbt.tj метавонед дастрас кард) муроҷиат намоед.