logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2024-09-06 0

Истифодаи самараноки қарзҳои бонкӣ

Қарзҳои бонкӣ воситаи муҳиме мебошанд, ки метавонанд барои расидан ба ҳадафҳои шахсӣ, аз ҷумла харидани манзил, сармоягузорӣ ё беҳтар кардани шароити зиндагӣ кӯмак расонанд. Вале, истифодаи қарз бояд бо масъулият сурат гирад. Бинобар ин, ҷиҳати самаранок истифода бурдани қарзҳои бонкӣ тавсияҳои зеринро пешниҳод менамоем:
1. Ҳадафи қарзро муайян кунед. Пеш аз гирифтани қарз, мақсади дақиқи истифодаи онро муайян кунед. Аз гирифтани қарз барои хароҷоти беасос худдорӣ намоед.
2. Иқтидори пардохти худро ҳисоб кунед. Даромад ва хароҷоти худро бодиққат таҳлил кунед, то бидонед, ки Шумо чӣ қадар қарзро "бе осеб ба буҷети шахсӣ" пардохт карда метавонед. Тавсия мешавад, ки пардохтҳои моҳонаи қарз набояд аз 30% даромади моҳонаи Шумо зиёд бошанд.
3. Шартҳои беҳтаринро интихоб кунед. Ба фоизҳои қарз, муҳлати пардохт ва комиссияҳои иловагӣ диққат диҳед. Пешниҳодҳои якчанд бонкро муқоиса кунед, то беҳтарин вариантро интихоб намоед.
4. Аз дермонии пардохтҳо худдорӣ кунед. Пардохтҳои мунтазам ва саривақтӣ на танҳо ба нигоҳ доштани таърихи қарзии Шумо кӯмак мекунанд, балки Шуморо аз ҷаримаҳои иловагӣ низ наҷот медиҳанд. Инчунин, ин таҷриба имконияти гирифтани қарзҳои минбаъдаро бо шартҳои беҳтар фароҳам меорад.
Дар ёд доред, ки қарз воситаи молиявие мебошад, ки интизоми молиявӣ ва банақшагирии дурустро талаб мекунад. Истифодаи самараноки қарзҳо ба Шумо имкон медиҳад, ки ҳадафҳоятонро бо ҳифзи устувории молиявӣ амалӣ намоед.

Шарҳ