logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2024-09-05 0

Нақши технологияҳои муосир дар рушди саводнокии молиявӣ

Дар ҷаҳони муосир, технологияҳо дар беҳтар намудани саводнокии молиявии аҳолӣ нақши муҳим ва калидӣ мебозанд. Платформаҳои маҷозӣ (онлайн), барномаҳои мобилӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ ба ҳамагон имкон медиҳанд, ки ба осонӣ ва бе маҳдудият ба иттилооти зарурӣ дар бораи молия дастрасӣ пайдо намоянд.

Бо истифода аз технологияҳо, ҳар як шахс метавонад аз таҳсилоти молиявӣ баҳра бардорад: аз идоракунии буҷаи шахсӣ то фаҳмидани имкониятҳои сармоягузорӣ. Масалан, барномаҳои мобилӣ ба одамон кӯмак мекунанд, ки хароҷот ва даромади худро назорат намоянд, буҷет тартиб диҳанд, пасандоз намоянд, корти бонкӣ кушоянд. 

Ҳамчунин, технологияҳо дар кушодани дастрасӣ ба василаи молиявии гуногун саҳм мегузоранд, ки ин барои густариши имкониятҳо барои одамон бо сатҳи даромади гуногун мусоидат мекунад. Бо ин роҳ, асбобҳои рақамӣ на танҳо сатҳи саводнокии молиявиро баланд мебардоранд, балки ба фарогирии молиявӣ низ мусоидат мекунанд.

Шарҳ