Fingram 2024-09-01 0
Дӯстони азиз!
Дар низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 16 ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) фаъолият менамоянд, аз ҷумла:
✅1 – ташкилоти суғуртавии давлатӣ;
✅15 – ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ (аз ин теъдод як ташкилоти суғуртавӣ ба фаъолияти азнавсуғуртакунӣ низ машғул мебошад).
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 октябри соли 2016, №408 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, №851 ваколати танзиму назорати суғуртавӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Шарҳ