Fingram 2024-08-28 0
«Болишти бехатарии молиявӣ» ин маблағи захирашудае мебошад, ки барои ҳифзи вазъи молиявии Шумо дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ба монанди аз даст додани кор, хароҷоти ногаҳонии тиббӣ ё дигар ҳодисаҳои ғайричашмдошт пешбинӣ шудааст.
Як миқдори муайяни маблағро, ки барои хароҷот дар давоми 3-6 моҳ зарур аст, захира намоед.
Беҳтар аст, ки маблағҳои мазкурро дар ҳисоби пасандозии алоҳида нигаҳ доред, то ки онҳо ҳамеша дастрас бошанд, вале барои ниёзҳои ҳаррӯза сарф нашаванд.
Фаромӯш накунед, ки захираи «болишти бехатарии молиявӣ»-и худро мунтазам пурра намуда, онро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доред, зеро ин кафолати мустақилияти молиявии Шумо мебошад.
Шарҳ