logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2024-08-15 0

Вазифаҳои пул

Дӯстони азиз, оё медонед, ки пул вазифаҳои мушаххас дорад?   
Агар не, пас дар хотир доред, ки пул вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: 
1️⃣ ченаки арзиш, яъне пулҳо ифодакунандаи арзиши ҳамаи молҳо мебошанд 
2️⃣ воситаи муомилот, яъне пулҳо дар ҷараёни муомилаи савдо нақши миёнаравиро мебозанд 
3️⃣ воситаи пардохт, яъне пулҳо инчунин муомилаҳои қарзиро амалӣ мегардонанд, зеро пардохти ҳамагуна қарзҳо ба воситаи пулҳо амалӣ мегардад 
4️⃣ воситаи андухт, яъне одамон, одатан пасандозҳо ва боигарии худро дар сифати пулӣ нигоҳ медоранд. (Дар давраҳои қадим ин вазифаи пулҳоро асосан тилло иҷро мекард). 
5️⃣ пулҳои ҷаҳонӣ, яъне вақте, ки пул чор вазифаи зикршударо дар миқёси байналхалқӣ иҷро намояд, он гоҳ ин гуна пул ҳамчун пули ҷаҳонӣ эътироф карда мешавад. 
 

Шарҳ