Fingram 2024-08-12 0
Таваррум (инфляция) ин паст шудани қобилияти харидории пул аст.
Масалан соли гузашта шумо бо 500 сомонӣ 5 килограмм гушт, 5 литр равған ва 5 килограмм картошка мехаридед вале соли ҷорӣ бо ҳамон миқдор пул аллакай 4 килограммӣ молҳои номбаршударо харидеду пулатон тамом шуд. Ин ҷараён таваррум ном дорад.
Таваррум чанд намуд мешавад?
🔹 Кам — то 6% дар як сол. Ин таваррум ҳам барои истеъмолкунандагон ва ҳам барои соҳибкорон бароҳат аст. Ва дар айни замон имкон медиҳад, ки иқтисодиёт рушд кунад. Маҳз дар ин сатҳ аксари кишварҳо кӯшиш доранд, ки таваррумро нигоҳ доранд.
🔹 Мӯътадил — аз 6 то 10% дар як сол. Ин хатарнок аст, зеро он метавонад аз назорат берун шуда, ба таварруми баланд мубаддал шавад.
🔹 Баланд — аз 10 то 100% дар як сол. Он дар бозор ноустуворӣ эҷод мекунад, одамон ва ширкатҳо наметавонанд ояндаи худро ба нақша гиранд.
🔹 Гиперинфлятсия — нархҳо садҳо ва ҳазорҳо фоиз меафзоянд, дар ҳолатҳои махсусан вазнин мардум пулро рад мекунанд ва ба мубодила мегузаранд. Одатан, гиперинфлятсия ҳангоми бӯҳронҳои шадид ва ҷангҳо ба амал меояд.
🔹 Дефлятсия — ин таварруми манфӣ мебошад. Яъне, нархҳо боло намераванд, баръакс паст мешаванд. Дефлятсия рушди иқтисодиётро бозмедорад. Истеъмолкунандагон ба умеди боз ҳам арзонтар шудани молҳо аз харидорӣ даст мекашанд. Ва ширкатҳо аз ин сабаб маҳдуд кардани истеҳсолот мекунанд.
Шарҳ