Бартариятҳои саводнокии молиявӣ
Саводнокии молиявӣ, имконият медиҳад, ки молия ва буҷети оилавӣ самаранок идора шуда, эҳтиёҷоти молиявӣ-қарзии худ бидуни гирифтори хавфи зиёдатӣ қонеъ карда шавад.
Аз ҷумла, саводнокии молиявӣ:
• ба кӯдакон имконият медиҳад, хубтар фаҳманд, ки пул чӣ аст, барои чӣ зарураст ва аз куҷо падару модар онҳоро пайдо мекунанд;
• ба ҷавонон – ҳанӯз дар аввали ҳаёти мустақилона захираҳои молиявии худро дуруст ва самаранок истифода бурда, буҷети худро барои ояндаи дур ба нақша гирифта ва бо мақсади сармоягузорӣ намудан нақшаи пасандозии худро тартиб дода, онро ҷамъоварӣ намудан;
• ба одамони сину соли миёна – беҳтар ба нафақа омода шудан, худро бо сарчашмаҳои иловагии даромад таъмин намудан, то ҳангоми ба нафақа баромадан ҳамчун дастгирии иловагӣ хизмат кунанд;
• ба одамони сину соли нафақавӣ – даромадҳои нафақавии худро самаранок истифода бурдан, аз қаллобон ва пирамидаҳои молиявӣ эмин нигоҳ доштан ва аз маҳсулотҳои молиявии ҳозиразамон, аз ҷумла барои нафақахӯрон пешбинишуда истифода бурдан.
Бинобар ин, якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро баланд бардошта, мустақилияти молиявиро ба даст оред!
Шарҳ