Fingram 2024-08-06 0
Ҳамватанони азиз!
Оё медонед, ки мақсади асосии саводнокии молиявӣ дар шароити ҳозира – таъмини бехатарии молиявӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, аз ҷумла тавассути:
1. Беҳтар намудани сатҳи дониш ва малакаҳои аҳолӣ, ки барои самаранок истифодабарии захираҳои молиявӣ равона карда шудаанд;
2. Баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ;
3. Баланд бардоштани фарҳанги пасандозкунии аҳолӣ;
4. Муносибати ҷиддии аҳолӣ ҳангоми кор бо ташкилотҳои молиявӣ-қарзӣ;
5. Ҳавасманд кардан ва такмил додани имкониятҳои соҳибкории аҳолӣ;
6. Пайдо намудани дониш ва малакаҳое, ки ба аҳолӣ имконияти муайян намудани амалиётҳои қаллобӣ ва пирамидаҳои молиявиро медиҳанд;
7. Баланд бардоштани масъулияти шахсӣ барои қабули қарорҳои молиявӣ;
8. Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ имконият медиҳад, ки аҳолӣ барои расидан ба мақсадҳои ғарази сиёсии шахсони алоҳида, ҳамчун восита истифода бурда нашавад;
9. Баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ.
Шарҳ