Донистан муҳим аст!
Дӯстони азиз!
Чанде қабл мо оид ба муҳлати баррасии муроҷиатҳо аз ҷониби мақомоту ташкилоти дахлдор маълумот манзур намудем. Илова бар ин, мехоҳем ба самъи Шумо расонем, ки тибқи банди 1 Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар ҳолатҳои истисноӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 20 Қонуни мазкур роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ҳуқуқ дорад, муҳлати баррасии муроҷиатро ба муддати на зиёдтар аз сӣ рўз тамдид намуда, дар инхусус ба муроҷиаткунанда дар муҳлати се рўз хабар расонад.
Шарҳ