Fingram 2024-07-14 0
Ҳамватанони гиромӣ!
Бо мақсади ҳалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ ба миён меояд ва барои ислоҳи камбудиҳо дар хизматрасониҳои бонкӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ +(992) 44-600-15-20 фаъолият менамояд.
Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд.
Телефони боварӣ рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 бо назардошти танаффуси нисфирӯзӣ аз соати 11:30 то 12:30 фаъолият менамояд.
Шарҳ