Fingram 2024-07-05 0
Мақсади молиявӣ – ин чист?
Мақсади молиявӣ – ин на 100 000 сомонӣ аст ва на як миллион доллар.
👉 Мақсади молиявӣ – ин ҳадафест, ки барои расидан ба он маблағ лозим аст.
Масалан:
📌 пардохти қарз;
📌 харидории хона;
📌 ташаккули сармоя, ки даромади ғайрифаъол меорад.
Вақте ки чунин мақсад вуҷуд дорад, пас маълум мешавад, ки барои он чӣ қадар маблағ лозим аст. Ва ҳамзамон мотиватсия пайдо мешавад, то онро ҷамъ оваред.
❗️ Агар мақсади молиявӣ вуҷуд надошта бошад, пас пул дар даст боқӣ намемонад, мисли об дар ғалбер. Дар ин сурат, ба ҷои идора кардани молияи шахсӣ, шахс танҳо бо ҷараёни зиндагӣ шино мекунад ва намедонад, ки тақдир ӯро ба кадом соҳил мебарад.
Аммо агар мақсад вуҷуд дошта бошад ва шумо ба он қадам ба қадам ҳаракат кунед, пас худи шумо капитани сарвати молиявии худ ҳастед.
Маҳз ҳамин аст мақсади молиявӣ ва аз ҳамин сабаб он муҳим аст! 👍
Шарҳ