logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2024-06-14 0

Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ – пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд. Густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.
Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкомату хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мегардад.

Шарҳ