Fingram 2024-06-13 0
Салом дӯстон!
Ба Шумо оиди Топ 5 сабаби ташриф ба фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Истаравшан маълумот манзур менамоем:
1. Намоиши хизматрасониҳои молиявӣ: Шуморо имконияти шиносоӣ бо хизматрасониҳои гуногуни молиявӣ ва маслиҳатҳои муфид аз ҷониби мутахассисони соҳа интизор аст.
2. Форуми саводнокии молиявӣ:
Баромади мутахассисони ботаҷрибаро, ки маслиҳатҳои муфид ва роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағҳоро фаҳмондадиҳӣ менамоянд, гӯш кунед.
3. Машваратҳо дар мавзуи молия:
Аз мутахассисони соҳаи молия маслиҳатҳои ройгон дастрас намоед, то барои қабули қарорҳои дурусти молиявӣ кӯмак намоянд.
4. Бурди тӯҳфаҳо:
Дар бурди тӯҳфаҳо иштирок намуда, тӯҳфаҳои хотиравии қимматбаҳоро ба даст оред.
5. Барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ бошад ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшида, табъи Шуморо болида мегардонад.
Биёед, мо Шуморо интизорем!
Шарҳ