Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ
Тибқи банди 7 боби 3 Дастурамали №241 Бонки миллии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ба истеъмолкунандагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои бонкӣ", пеш аз он ки шартнома оиди пешниҳоди хизматрасонӣ баста шавад, ташкилоти қарзии молиявиро зарур аст:
- ба истеъмолкунанда моҳият ва шартҳои асосии хизматрасонии мушаххаси мавриди таваҷҷуҳи ӯро фаҳмонад;
- истеъмолкунандаро бо ҳаҷми тамоми пардохтҳое, ки ба пешниҳоди хизматрасонии мавриди таваҷҷуҳи ӯ иртибот доранд, шинос намояд;
- ба истеъмолкунанда тартиби пешниҳод, раванд ва муҳлати баррасии муроҷиатро, ки аз шартнома бармеояд, фаҳмонад;
- истеъмолкунандаро дар бораи уҳдадориҳояш бо дарназардошти чораҳои таъсиррасонӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ метавонад дар ҳолати иҷро нашудани уҳдадориҳои истеъмолкунанда (ноустуворона ё ҳамагуна чораҳои дигар,
ки вазъи молиявии истеъмолкунандаро бадтар месозанд), ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, хабар диҳад;
- истеъмолкунандаро дар бораи шакл, мунтазамӣ ва муҳлати пешниҳоди маълумот (иқтибосҳо, огоҳинома) пас аз ба имзо расонидани шартнома огоҳ созад;
- то бастани шартнома ба истеъмолкунанда имконият ва муҳлати заруриро барои шиносшавӣ бо муқаррароти шартнома пешниҳод намояд;
- дар ҳолате, ки тибқи шартҳои хизматрасонӣ зарураяти истифодабарии хизматрасонии иловагии аз ҷониби шахси сеюм пешниҳодшаванда ҷой дошта бошад, ба истеъмолкунанда интихоби чунин шахси сеюмро пешниҳод намояд.
Шарҳ