Тартиб додани буҷет
Тартиб додани буҷет барои ҳар як оила нақши муҳиме дорад. Ин маҳоратест, ки барои идоракунии маблағҳои худ ва банақшагирии хароҷотҳо кӯмак мерасонад. Мутаассифона бисёр оилаҳо ба ин аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ва билохира бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Тарбияи кӯдакони аз ҷиҳати молиявӣ саводнок аз хурдсолӣ оғоз мегардад. Ба онҳо пасандозкуниро омӯхта тарзи дурусти тартибдиҳии буҷети оилавиро низ омӯзонед. Инчунин чӣ будани қарзро фаҳмонед, то ки дар оянда онҳо хабардор бошанд, ки аз ҳад зиёд қарздор будан ба кадом омилҳо оварда мерасонад.
Инчунин муҳим аст, ки масъалаҳои молиявиро дар хона муҳокима намоед. Ҳар моҳ ҷамъомадҳо гузаронида, буҷети оила, хароҷотҳо ва мақсадҳои молиявиро муайян созед. Ин ҷамъомадҳо ба оила ҷиҳати расидан ба мақсадҳои молиявӣ кӯмак мерасонад, зеро ҳар як аъзои оила маблағҳоро сарфакорона истифода бурда, барои расидан ба мақсад кӯшиш менамояд.
Ва билохира аз хотир набароред, ки Шумо бояд ба фарзандонатон намунаи ибрат бошед. Ба фарзандонатон нишон диҳед, чи тавр шумо пулро сарфакорона истифода мебаред, пасандоз менамоед ва хароҷотҳои худро ба нақша мегиред.
Сатҳи саводнокии молиявии худро якҷо бо мо баланд бардоред!
Шарҳ