Fingram 2024-03-29 0
Фестивали
саводнокии молиявӣ ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор мегардад.
Чорабинии
мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) гузаронида мешавад.
МАҚСАД
ВА ҲАДАФҲОИ ЧОРАБИНӢ:
Мақсад аз баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ
намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд
бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб
мебошад.
Ҳадафҳои
фестивали саводнокии молиявӣ:
-
Ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;
-
Шиносоии иштирокчиён бо хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ;
-
Пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ.
Шарҳ