logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-06-10 0

Тартиби кори POS-терминалҳо ҳангоми пардохти маблағи ҳаққи хизматрасониҳо:

1. Пешниҳоди корт - Шумо метавонед барои пардохт кортҳои бонкӣ (миллӣ ё байналмилалӣ) ё телефони ҳамроҳро (тавассути ҳамёнҳои электронӣ бо технологияи NFC) истифода баред.
2. Ворид кардани маблағ - фурӯшанда (кассир) маблағи харидро ба терминал ворид мекунад. Ҳатман пеш аз тасдиқ кардан маблағи дар экран пайдошударо санҷед.
3. Гузаронидани корт (ё наздик кардан) - вобаста ба намуди корт ва терминал, роҳҳои зерини хондани маълумот мавҷуд аст:
- пардохти бе тамос (Contactless/NFC): Корт ё телефони худро ба экрани терминал наздик мекунед (аксари кортҳои ватанӣ ҳамин тавр кор мекунанд).
- тавассути чип (Chip): Кортро аз қисми поёнии терминал ворид мекунед.
- тавассути хати магнитӣ: Кортро аз рахи махсуси канори терминал мегузаронед.
4. Ворид кардани рамзи ПИН - рамзи ПИН дар терминал рақамчинӣ карда мешавад.
Ҳангоми ворид кардани рамзи ПИН дар POS-терминал онро пинҳон кунед. Рамзи махфии худро ҳеҷгоҳ дар рӯй ва пушти корт нанависед. Баъди ҳар як амалиёт расидро бо худ гиред, то дар ҳолати зарурӣ исботи пардохт дошта бошед. 
5. Авторизатсия (тасдиқи амалиёт) - терминал бо маркази протсессингии бонк тавассути интернет пайваст мешавад. Бонк мавҷудияти маблағро дар суратҳисоби шумо месанҷад ва амалиётро тасдиқ ё рад мекунад. Ин раванд ҳамагӣ 2-3 сония вақт мегирад.
6. Чопи расид (чек) - пас аз бомуваффақият пардохт шудан, терминал расид (чек) чоп мекунад. Як нусхаи чек (ё нусхаи электронӣ) ба харидор дода мешавад ва нусхаи дуюм назди фурӯшанда мемонад.
Имрӯз POS-терминалҳо қисми муҳимми низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки аз дуруст ва бехатар истифода бурдани онҳо огоҳ бошем.

Шарҳ