
Fingram 2026-06-04 0
POS-терминал - дастгоҳест, ки барои қабул кардани пардохтҳо тавассути корти бонкӣ ё дигар воситаҳои электронии пардохтӣ истифода мешавад. Он бо шабакаи бонкӣ пайваст буда, маблағро аз ҳисоби муштарӣ ба ҳисоби ташкилоти хизматрасон мегузаронад.
POS-терминалҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла дар мағозаҳо, беморхонаҳо, дорухонаҳо, инчунин дар муассисаҳои давлатие, ки ба аҳолӣ хизматрасонии музднок пешниҳод менамоянд, насб карда мешаванд.
Намудҳои POS-терминалҳо:
Вобаста аз тарзи истифодабарӣ ва имкониятҳои техникӣ намудҳои гуногуни POS-терминалҳо мавҷуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ду намуди онҳо истифода мешаванд: POS-терминалҳои статсионарӣ (ё худ POS-терминалҳо) ва POS-терминалҳои маҷозӣ (виртуалӣ).
1. POS-терминали статсионарӣ — дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла мағозаҳо, дорухонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ насб гардида, барои қабули пардохти молу хизматрасонӣ кортҳои пардохтии бонкӣ истифода мешавад.
2. POS-терминали маҷозӣ (виртуалӣ) — ин хизматрасонӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ дар шабакаи интернет (тиҷорати электронӣ) мебошад, ки ба таҷҳизоти ҷисмонӣ (POS-терминали статсионарӣ) ниёз надорад. Пардохт тавассути POS-терминали маҷозӣ чунин сурат мегирад:
- муштарӣ тавассути вебсайт ё замимаи мобилӣ мол ё хизматрасониро интихоб мекунад;
- ба саҳифаи пардохт мегузарад;
- рақами корт, муҳлати амал ва рамзи CVV ё CVC (рамзи серақама дар паси корти пардохтӣ) ворид мекунад;
- пардохтро бо рамзи тасдиқ (SMS ё 3D Secure) тасдиқ мекунад.
Афзалиятҳои истифодаи POS-терминалҳо барои харидорон:
- осон ва босуръат: Лозим нест, ки бо худ пули нақди бисёр гардонед ва ё дар назди банкоматҳо навбат истед. Пардохт бо як тамос (NFC) ҳамагӣ 2-3 сония вақт мегирад;
- бехатарӣ: Агар корт гум шавад, пулҳои Шумо дар суратҳисоби бонкӣ бехатар мемонанд (бар хилофи пули нақд). Дар мавриди гум кардани корт онро дарҳол махкам (блок) кардан мумкин аст.
- бонусҳо ва кэшбек: Бонкҳои ватанӣ мунтазам барои пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути POS-терминалҳо ба мизоҷон кэшбек (баргардонидани фоизи маблағ) ё холҳои бонусӣ пешниҳод мекунанд.
- назорати хароҷот: Тавассути замимаи мобилии бонк таърихи тамоми харидҳо, ҷойи харид ва вақти он ба таври дақиқ сабт мешавад.
Шарҳ