logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-03-07 0

Муносибати дурусти кӯдакон бо пул

Барои баланд бардоштани саводнокии молиявии кӯдак ба ӯ додани чанд китоби дарсӣ барои хондан кофӣ нест.
Муҳим бедор кардани шавқу ҳавас ва ташаккули муносибати дуруст бо пул мебошад.
Дар зер чанд тавсия оварда мешавад, ки вобаста ба синну соли кӯдак муфид мебошад:
1. Пул аз куҷо пайдо мешавад:
- дар бораи кор фаҳмонед ва бигӯед, ки барои харидани бозичаи дилхоҳи кӯдак чӣ қадар бояд кор кард.
2. Кадом намудҳои пул мавҷуданд:
- фарқи байни танга ва пули қоғазӣ, инчунин байни асъори кишварҳои гуногунро нишон диҳед;
- муҳокима кунед, ки бо ин пулҳо чӣ ва чӣ қадар молу ашё харидан мумкин аст ва ҳангоми харид чӣ гуна бақия дода мешавад.
3. Мафҳумҳои «қиммат» ва «арзон»-ро шарҳ диҳед:
- чаро як мол метавонад барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ арзиши гуногун дошта бошад.
4. Чӣ гуна ва барои чӣ пасандоз кардан лозим аст:
- фарқияти байни ҷамъ кардани пул дар қуттии пасандоз ва пасандоз гузоштан дар бонкро муҳокима кунед.
5. Чӣ гуна пулро ҳисоб кардан лозим аст:
- барои ин метавон аз хазинаи маҷозӣ, пулҳои маҷозӣ ва воқеӣ, инчунин ҳисобкунак истифода баред.  
Бо кӯдакони синни калонтар метавонед мавзуъҳои зеринро муҳокима намоед:
- бонк чӣ гуна фаъолият мекунад 
- чӣ тавр дуруст пасандоз кардан лозим аст,  
- чаро мо андоз месупорем ва давлат онҳоро барои чӣ истифода мебарад.
Пулҳои киссагӣ:
Дар замони муосир хонандаи мактаб барои хароҷотҳои гуногун бояд  бо худ пул дошта бошад. Муайян кунед, ки чӣ қадар маблағ ва бо кадом даврият метавонед ба фарзандатон медиҳед. Барои хонандагони синни 16  истифодаи корти бонкӣ қуллай мебошад.
Намунаи шахсӣ:
Нишон диҳед, ки чӣ гуна Шумо пасандоз мекунед, чӣ тавр музди меҳнатро тақсим намуда, буҷаи оиларо идора мекунед. Дар бораи хатогиҳо ва мушкилиҳои молиявӣ, ки доштед нақл кунед.
Чунин суҳбатҳо барои ташаккули маърифати молиявии кӯдак ва муносибати дурусти ӯ бо пул мусоидат менамоянд.

Шарҳ