Хавфҳо ҳангоми гум кардани телефони мобилӣ, ки дар он ҳамёнҳои электронӣ фаъоланд
Хавфҳо ҳангоми гум кардани телефони мобилӣ, ки дар он ҳамёнҳои электронӣ фаъоланд.
Гум кардани телефони мобилӣ, ки дар он ҳамёнҳои электронӣ фаъоланд, метавонад боиси хавфҳои ҷиддӣ гардад (дуздии маблағ, гирифтани қарз, дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ ва ғайра).
Набудани рамзи махфӣ ё истифодаи рамзи одӣ ба қаллобон имкон медиҳад, ки тавассути ҳамёнҳои электронӣ маблағ интиқол диҳанд, харидҳои гуногун анҷом диҳанд ё ҳатто қарз гиранд.
Хавфҳои асосӣ ҳангоми гум кардани телефони мобилӣ:
1. Дуздии маблағ аз суратҳисобҳои бонкӣ.
Агар ба ҳамёни электронии Шумо кортҳои бонкӣ пайваст бошанд, қаллобон метавонанд ба маблағҳои Шумо дастрасӣ пайдо кунанд, махсусан агар телефон ё ҳамёнҳои электронӣ бо PIN-код ё дигар воситаҳои муҳофизатӣ ҳифз нашуда бошанд.
2. Харидҳои беиҷозат.
Бо истифода аз маълумоти дар телефон нигоҳдошташуда, қаллобон метавонанд харидҳои онлайнӣ анҷом диҳанд.
3. Гирифтани қарз.
Қаллобон метавонанд тавассути ҳамёнҳои электронӣ, ки ба рақами телефон пайвастанд, қарзҳои хурд ё қарзҳои онлайнӣ гиранд.
4. Интиқоли маблағ.
Қаллобон метавонанд маблағҳои дар ҳамёнҳои электронӣ мавҷудбударо ба дигар суратҳисобҳо интиқол диҳанд.
Дар ҳолати гум кардани телефони мобилӣ, ки дар он ҳамёнҳои мобилӣ фаъоланд, чӣ бояд кард?
1. SIM-корти худро тавассути оператори мобилӣ фавран масдуд намоед. Ин амал гирифтани рамзҳои SMS-ро барои тасдиқи амалиёт аз ҷониби шахсони бегона пешгирӣ мекунад.
2. Ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон муроҷиат намуда, кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронии худро масдуд намоед.
3. Рамзҳои махфии почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоии муҳимми худро иваз намоед.
4. Бо пешниҳоди рақами IMEI-и телефони гумшуда ба воҳидҳои сохтории дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳед.
Тавсияи муҳим:
Барои пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ ҳамеша телефони мобилии худ ва ҳамёнҳои электрониро бо рамзҳои махфии мураккаб, инчунин воситаҳои иловагии муҳофизат (масалан, изи ангушт ё шинохти чеҳра) ҳифз намоед.
Шарҳ