Барои чӣ мушаххаскунии ҳамёни электронӣ зарур аст?
Барои чӣ мушаххаскунии ҳамёни электронӣ зарур аст?
Ҳадафҳои асосӣ:
- тасдиқи шахсияти муштарӣ ва пешгирӣ аз амалҳои қаллобӣ;
- пешниҳоди имкониятҳои васеи истифодаи ҳамёни электронӣ (интиқоли маблағ, гирифтани пули нақд ва ғ.).
Шаклҳои мушаххаскунӣ:
1. Дар воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ (анъанавӣ) бо роҳи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият.
2. Мушаххаскунии фосилавӣ бе ташриф овардан ба ташкилоти қарзии молиявӣ.
Ин раванд чунин қадамҳоро дар бар мегирад:
- зеркашӣ намудани замимабарномаи мобилӣ аз PlayMarket ё Appstore;
- ворид кардани маълумоти шахсӣ, аз ҷумла ном, насаб ва рақами телефон ва маълумоти дигари дар шиноснома дарҷгардида;
- бор кардани акси ҳуҷҷат ва акси худ (selfie).
Афзалиятҳои мушаххаскунии
ҳамёни электронӣ:
- имконияти анҷом додани амалиёти интиқоли маблағ, гирифтани пули нақд;
- зиёд гардидани ҳаҷми амалиётҳои анҷомдодашаванда то 1 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як рӯз.
Шарҳ