Зомин кист?
Зомин - шахсе мебошад, ки тибқи шартномаи замонат уҳдадор мешавад, ки дар назди кредитори шахси дигар барои пурра ё қисман иҷро намудани уҳдадориҳои он ҷавобгар бошад.
Зомин шудан паёмадҳои ҷиддии молиявӣ ва ҳуқуқӣ дорад.
Зомин шудан - ин на танҳо кумак намудан ба дӯст, ҳамкор, ҳамсоя ва хешу табор, балки ба дӯши худ гирифтани масъулияти ҷиддии молиявӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Агар қарзгир қарзро барнагардонад:
- ташкилоти қарзии молиявӣ пардохти қарз, фоизҳо, ҷаримаҳо ва хароҷоти дигарро низ аз зомин талаб мекунад, ки он ба вазъияти молиявии ӯ таъсири худро мерасонад;
- зомин ҳатто агар пул нагирифта бошад ҳам, метавонад дар даъвои судӣ ҳамчун ҷавобгар ҷалб шавад ва зомин буданаш ба ӯ паёмадҳои манфии ҳуқуқӣ ва равонӣ ба вуҷуд меорад.
Чаро ташкилоти қарзии молиявӣ замонат талаб мекунад?
Ҳангоми гирифтани қарз ташкилоти қарзии молиявӣ аз муштарӣ замонат талаб мекунад. Яъне, қарзгиранда бояд шахсеро ба ташкилоти қарзии молиявӣ пешниҳод намояд, то ки ӯ тибқи шартномаи замонат пурра ё қисман уҳдадор шавад, ки дар сурати пардохт нагардидани қарз аз ҷониби қарзгиранда ӯ қарзро бармегардонад.
Тавсияҳои муҳим:
Пеш аз зомин шудан ҳатман ба пардохтпазирӣ, вазъи молиявию иҷтимоӣ ва дороиҳои манқулу ғайриманқули қарзгир диққати махсус диҳед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ӯ даромади устувору таърихи хуби қарзӣ дорад, аз дигар ташкилоти қарзии молиявӣ қарздор нест ва вазъи молиявию иҷтимоиаш имкон медиҳад, ки қарзро дар муҳлатҳои муайянгардида пардохт менамояд.
Ҳамзамон, дар хотир доред, ки зомин буданатон дар махзани маълумоти ташкилоти қарзии молиявӣ ва Бюрои таърихи қарз ҳамчун уҳдадории Шумо сабт мешавад. Ин метавонад ба таърихи қарзии Шумо таъсири манфӣ ва ё мусбӣ расонида, дар оянда барои гирифтани қарзи худатон нақши калидӣ бозад.
Шарҳ