Таърихи қарзӣ чист ва чаро он муҳим аст?
Таърихи қарзӣ чист ва чаро он муҳим аст?
Таърихи қарзӣ — иттилооти мусбат ё манфии иҷрои уҳдадориҳои субъекти таърихи қарз аз рӯйи шартномае, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад.
Сода карда гӯем: Таърихи қарзӣ - ин обрӯйи молиявии Шумо аст. Он нишон медиҳад, ки Шумо бо қарзҳо чӣ гуна кор кардаед, яъне чӣ миқдор қарз гирифтаед, ба кадом муҳлатҳо, бо чӣ шартҳо ва то чӣ андоза онҳоро сари вақт пардохт намудаед.
Чаро таърихи хуби қарзӣ муҳим аст?
Таҷриба нишон медиҳад, ки таърихи хуби қарзӣ ба Шумо имкониятҳои бештар медиҳад:
• гирифтани қарз дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ осонтар мешавад;
• эҳтимоли гирифтани шартҳои беҳтари қарз зиёд мегардад, яъне фоизи пасттар, муҳлати мувофиқ ва ҳатто дастрасӣ ба қарз бе гарав;
• сатҳи эътимоди ташкилотҳои қарзии молиявӣ нисбат ба Шумо афзоиш меёбад.
Маслиҳатҳо барои нигоҳ доштани таърихи хуби қарзӣ:
• қарзҳоро ҳамеша сари вақт пардохт намоед;
• ҳатто аз таъхири пардохти кӯтоҳтарин худдорӣ кунед;
• қобилияти пардохтпазирии худро ба назар гирифта, аз гирифтани якчанд қарзи рӯ ба рӯ худдорӣ намоед;
• таърихи қарзии худро мунтазам санҷед;
• агар дар ҳисобот хато вуҷуд дошта бошад, ба Бюрои таърихи қарзӣ муроҷиат кунед.
Чӣ гуна метавонед таърихи қарзии худро фаҳмед?
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таърихи қарз" ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки як маротиба дар як сол ройгон ҳисоботи таърихи қарзии худро аз Бюрои таърихи қарзӣ дастрас намояд.
Хулоса:
Таърихи қарзӣ қисми муҳимми ҳаёти молиявии ҳар шахс мебошад. Он метавонад ба имконияти гирифтани қарз барои ҳамагуна мақсадҳо таъсир расонад.
Шарҳ