
Fingram 2026-02-13 0
Ҳамёни электронӣ - воситаи пардохтии муосир
Ҳамёни электронӣ - воситаи электронии пардохтӣ, ки дар он маблағҳои электронӣ нигоҳ дошта шуда, тавассути он интиқоли маблағҳои электронӣ сурат мегирад.
Маблағҳо одатан дар суратҳисоби бонкӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва ҳамёни электронӣ танҳо воситаи дастрасӣ ва истифодаи онҳо мебошад.
Барои кушодани ҳамёни электронӣ чӣ лозим аст?
1. Телефони мобилӣ: Барои дастрасӣ ба замимабарномаи ҳамёни электронӣ.
2. Рақами телефон. Барои бақайдгирӣ ва пайдо намудани дастрасӣ ба ҳамёни электронӣ;
3. Корти бонкӣ: Дар баъзе ҳолатҳо ин барои пайваст кардани ҳамёни электронӣ ва анҷом додани пардохтҳо зарур аст.
4. Маълумоти шахсӣ: Барои тасдиқи аслият (мушаххаскунонӣ) ва таъмини бехатарӣ.
Мушаххаскунонии ҳамёни электронӣ
Барои дастрасии пурра пайдо намудан ба хизматрасониҳои ҳамёни электронӣ, аз ҷумла интиқоли маблағ ва қабул намудани он, гирифтани пули нақд ва инчунин зиёд гардидани ҳаҷми амалиёт, мушаххаскунонии ҳамёни электронӣ зарур мебошад.
Бидуни мушаххаскунонӣ, муомилоти молиявӣ, ки тавассути ҳамёни электронӣ сурат мегиранд, маҳдуд мебошанд.
Имкониятҳои ҳамёнҳои электронӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хариди молу ашё, интиқоли маблағҳо дар худуди ҷумҳурӣ ва берун аз он, мубодилаи асъор, пардохти қарз, пур намудани суратҳисобҳо, инчунин пардохти маблағи хизматрасониҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ сурат мегиранд.
Ҳамёнҳои электронӣ ҷузъи муҳими ҷаҳони муосири молиявӣ гардида, истифодабарии онҳо аз ҷониби аҳолии кишвар низ афзоиш ёфта истодааст.
Ба ҳолати 31.12.2025. теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии 27 ташкилотҳои қарзии молиявӣ 17,7 млн ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин санаи соли 2024 шумораи мазкур 5,6 млн. адад ё 46,4 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳамёнҳои электронӣ (https://t.me/fingramtj/1049) ҷараёнҳои молиявиро суръат мебахшанд, гардиши пул дар иқтисоди ғайрирасмиро коҳиш медиҳанд, дастрасиро ба хизматрасониҳои рақамӣ васеъ мегардонанд, ба рушди тиҷорати электронӣ ва пардохтҳои фаромарзӣ мусоидат менамоянд ва дар маҷмуъ самаранокии низоми миллии пардохтро афзоиш медиҳанд.
Дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқҳои Шумо зимни истифодабарии ҳамёнҳои электронӣ метавонед ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон ба рақами 44-600-15-20 муроҷиат намоед!
Шарҳ