Меъёри самараноки фоизии қарз чист ва чиро бояд донист?
Меъёри самараноки фоизии қарз чист ва чиро бояд донист?
Меъёри самараноки фоизии солона - ифодаи фоизие мебошад, ки тибқи он фоизи қарз бо назардошти тамоми пардохтҳои хизматрасонии қарз, ки аз ҷониби муштарӣ ба ташкилоти қарзӣ пардохта мешавад, ҳисоб карда мешавад.
Меъёри фоизӣ, ки дар рекламаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ нишон дода мешавад, танҳо ҳаҷми фоизҳои ҳисобшударо ифода мекунад, меъёри самараноки фоизӣ бошад, ҳаҷми воқеии қарзи солонаро нишон медиҳад.
Мисол:
Ташкилоти қарзии молиявӣ қарзро бо 22%-и солона пешниҳод мекунад.
Аммо, бо назардошти комиссияҳо ва дигар пардохтҳои вобаста ба он хароҷоти воқеии қарз 23,5%-и солонаро ташкил медиҳад ва ҳамин 23,5% меъёри самараноки фоизӣ мебошад.
Чаро донистани меъёри самараноки фоизӣ муҳим мебошад:
• он имкон медиҳад, ки пешниҳоди қарзии ташкилотҳои қарзии молиявии гуногун дуруст муқоиса карда шаванд;
• ба Шумо кӯмак мекунад, ки аз хароҷоти иловагии ногаҳонӣ огоҳ бошед;
• арзиши пурраи воқеии қарзро нишон медиҳад.
Тавсияҳо барои қарзгирандагон:
• ҳамеша меъёри самараноки фоизиро пурсон шавед;
• ба шартҳои реклама нигоҳ накунед, балки ба маблағи умумии пардохтҳо диққат диҳед;
• ба ҳамаи саволҳо вобаста ба қарз то имзои шартномаи қарз посух гиред.
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд, ки дар шартномаи қарзӣ ҳам меъёри фоизи наминалии қарз ва ҳам меъёри самараноки фоизии солонаро нишон диҳанд ва дар баробари ин, пеш аз пешниҳоди қарз меъёри самараноки фоизии солонаи қарзро ба қарзгиранда фаҳмонанд.
Фаромӯш насозед: Ҳар қадар меъёри самараноки фоизӣ камтар бошад, ҳамон қадар қарз фоиданоктар аст.
Шарҳ