logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-02-05 0

Воситаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ

Воситаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ
Воситаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ маҷмӯи усулҳо, механизмҳо ва технологияҳое мебошанд, ки барои интиқоли маблағҳои пулӣ аз як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба шахси дигар, инчунин байни суратҳисобҳои бонкӣ истифода мешаванд. Дар шароити иқтисоди муосир чунин воситаҳо дар таъмини суботи молиявӣ, суръатбахшии муомилоти пулӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо нақши муҳим мебозанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли маблағҳои пулӣ асосан тавассути воситаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
∙ замимабарномаҳои мобилии ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
∙ интернет-бонкинг;
∙ терминалҳои худкори худхизматрасон;
∙ банкомат;
∙ низомҳои байналмилалии интиқоли маблағҳо, аз қабили «Western Union», «Contact», «Unistream»;
∙ низоми байналмилалии байнибонкӣ барои мубодилаи паёмҳои молиявӣ — SWIFT.
Аҳамияти воситаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ
Истифодаи воситаҳои муосири интиқоли маблағҳои пулӣ як қатор бартариҳоро фароҳам меорад, аз ҷумла:
∙ анҷом додани интиқоли маблағҳо босуръат ва осон;
∙ коҳиш ёфтани хароҷот барои анҷом додани амалиётҳо ё дар баъзе ҳолатҳо бе ҳаққи хизматрасонӣ;
∙ дастрасии фаврӣ ба маблағҳои пулӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ ва ҳолатҳои зарурӣ;
∙ паст намудани хатарҳои молиявӣ ҳангоми анҷом додани амалиётҳои пулӣ;
∙ таъмини шаффофияти назорат ва имконияти мониторинги ҳаракати маблағҳои интиқолёфта;
∙ имконияти анҷом додани интиқолҳо ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз ҳудуди он.
Фаромӯш насозед: Истифодаи усулҳо ва роҳҳои ғайрирасмӣ ё ғайриқонунӣ барои интиқоли маблағҳои пулӣ метавонад боиси аз даст рафтани маблағҳо, вайрон гардидани ҳуқуқҳои молиявӣ ва дигар оқибатҳои манфӣ гардад.

Шарҳ