logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-01-30 0

Онлайн қарз чист?

Онлайн қарз чист? 
Онлайн қарз — ин хизматрасонии молиявиест, ки маблағи қарзро тавассути интернет бе ташриф овардан ба ташкилоти қарзии молиявӣ ба осонӣ гирифтан мумкин аст. 
Чӣ гуна метавонед онлайн қарз гиред?
 1. Дар сомона ё замимабарномаи мобилии  ташкилоти қарзии молиявӣ дархост пур мекунед. 
 2. Маълумоти шиноснома ва маблағи лозимиро нишон медиҳед. 
 3. Қарор дар бораи ба Шумо пешниҳод намудани қарз дар муҳлати кӯтоҳ қабул карда мешавад. 
 4. Маблағи қарз ба корти бонкӣ ё суратҳисоби Шумо гузаронида мешавад. 
Бартариҳои онлайн қарз:
   1. Зуд — аксар вақт дар якчанд дақиқа. 
   2. Қулай — бе баромадан аз хона. 
   3. Дастрас — ҳуҷҷатҳои ҳадди ақал лозиманд. 
   4. Имкони гирифтани қарз 24/7. 
Ҳангоми гирифтани онлайн қарз ба чӣ диққат додан лозим? 
- меъёри фоиз;
- муҳлати баргардонидан; 
- комиссияҳо ва ҷаримаҳои эҳтимолӣ;
- эътимоднокии ташкилоти қарзии молиявӣ. 
Тавсия: Ҳатман шартҳои шартномаро бодиққат мутолеа намоед. 
Онлайн қарз — ин хизматрасонии муосир ва қулайи молиявӣ аст, агар аз он огоҳона ва бо масъулият истифода намоед.

Шарҳ