logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2026-01-27 0

Саводнокии молиявии рақамӣ чист ва чаро он муҳим аст?

Саводнокии молиявии рақамӣ чист ва чаро он муҳим аст?
Саводнокии молиявии рақамӣ - ин қобилияти фаҳмидан ва дуруст истифода бурдани воситаҳои пардохт ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ барои самаранок ва бехатар идора кардани молияи шахсӣ, муҳофизат аз хавфҳо ва қаллобии молиявӣ дар муҳити рақамӣ мебошад.
Дар ҷаҳони муосир, ки технологияҳои рақамӣ босуръат рушд намуда, ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии ҳар як нафар таъсири худро мерасонанд, барои аҳолӣ, бахусус истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, саводнокии молиявии рақамӣ рӯз аз рӯз аҳаммияти бештар пайдо намуда истодааст. Зеро, саводнокии молиявии рақамӣ ба шахс дониш ва малакаҳои заруриро барои дар фазои молиявии рақамӣ бомуваффақият пайгирӣ ва анҷом додани амалиётҳои бехатар, дастрасӣ пайдо намудан ба хизматрасониҳои молиявӣ, самаранок идора  кардани молияи худ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии молиявии худ фароҳам меорад.
Афзалиятҳои саводнокии молиявии рақамӣ:
1. Амалиётҳои молиявии бехатар, яъне саводнокии молиявии рақамӣ ба Шумо имкон медиҳад, ки амалиётҳои молиявии онлайнро бехатар анҷом дода, худро аз таҳдидҳои эҳтимолии киберӣ ва қаллобии молиявӣ муҳофизат намоед.
2. Дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, яъне саводнокии молиявии рақамӣ имкон медиҳад, ки ба хизматрасониҳо ва маҳсулоти молиявӣ, ки тариқи онлайн пешниҳод мегарданд, дастрасӣ пайдо намоед.
3. Идоракунии самараноки молия, яъне саводнокии молиявии рақамӣ имкон медиҳад, ки дороиҳои молиявии худро тавассути воситаҳо ва платформаҳои рақамӣ самаранок идора намоед, вақти худро сарфа кунед, хароҷотатонро пайгирӣ ва буҷетҳои гуногуни фардиро таҳия намоед.
Дар низоми бонкӣ ва суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон хизматрасониҳои молиявии рақамӣ тавассути воситаҳои зерин амали карда мешаванд:
-кортҳои пардохтӣ;
-ҳамёнҳои электронӣ;
-бонкдории мобилӣ;
- интернет – бонкинг;
-пардохтҳо тавассути POS-терминалҳо;
-пардохтҳо тавассути QR-рамзи ягона;
-интернет-эквайринг;
-банкоматҳо;
-терминалҳои худкор.
 
Ба саҳифаи мо обуна шавед ва дар бораи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва истифодаи дурусту бехатари онҳо маълумоти бештар пайдо намоед!

Шарҳ