Низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дӯстони гиромӣ!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар маҷмуъ 16 ташкилоти суғуртавӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла:
✅ 1 ташкилоти давлатӣ;
✅ 15 ғайридавлатӣ;
↪️ аз он ҷумла 2 ташкилоти азнавсуғуртакунонӣ;
Бояд қайд намуд, ки дар саросари ҷумҳурӣ 66 филиал ва 6 намояндагии ташкилотҳои суғуртавӣ ба истеъмолкунандагон хизмат мерасонанд.
Аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) хизматрасониҳо аз рӯйи шаклҳо ва соҳаҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ, суғуртаи ҳатмӣ, суғуртаи ҳаёт ва суғуртаи умумӣ амалӣ карда мешаванд.
Илова бар ин, аз ҷониби 2 ташкилоти суғуртавӣ фаъолияти азнавсуғуртакунӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2025 аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ ва филиалу намояндагиҳои онҳо дар минтақаҳо ба истеъмолкунандагон дар маҷмуъ зиёда аз 120 намуди маҳсулоти суғуртавӣ пешниҳод мегардад.
Моро пайгирӣ намуда, дар баробари баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии худ, ҳамчунин дар бораи низоми суғуртаи мамлакат ва хизматрасониҳои он маълумоти бештар пайдо намоед!
Фаромӯш насозед: Фаҳмиши дурусти хизматрасониҳои суғуртавӣ ба Шумо имкон медиҳад, ки хавфҳои эҳтимолиро самаранок идора карда, даромади худро ҳифз намоед ва ояндаро дар ҳолатҳои ғайричашмдошт боэътимод ба нақша гиред.
Шарҳ