logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-04-15 0

Суғурта ва моҳияти он

Суғуртакунӣ як намуди хизматрасонии молиявие мебошад, ки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ, оила ва дороиҳоятон аз ҳолатҳои ғайричашмдошт истифода бурда мешавад. Моҳияти суғурта дар он аст, ки Шумо миқдори муайяни пулро, ки онро мукофоти суғуртавӣ меноманд, ба ташкилоти суғуртавӣ пардохт мекунед. 
Агар ягон ҳолати суғуртавӣ, ба мисли садама, беморӣ, гумшавии молу мулк ё дигар ҳодисаҳои муайян дар ҳаёти Шумо рух диҳанд, ташкилоти суғуртавӣ барои руйпуш кардани зарарҳои бамиёномда ба Шумо ҷуброни суғуртавӣ мепардозад, ки ин хароҷотҳои молиявиро кам мекунад. 
Чаро суғурта муҳим аст? 
Зиндагии ҳамарӯзаи мо пур аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт аст, ки ҳангоми сарзадани онҳо ба Шумо хароҷотҳои зиёди молиявӣ пеш меоранд ва дар ин ҳолат суғурта метавонад ба Шумо эътимод бахшида, талафотҳои калони молиявиро аз хатарҳои пешгӯинашаванда таъмин намояд.  
Масалан, суғуртаи тиббӣ метавонад хароҷоти тиббиро аз бемориҳои гуногун, ҷароҳати ҷисмонӣ ва дигар ҳолатҳои тиббӣ пӯшонад. Суғуртаи нақлиёт бошад, баъди ба амал омадани садама автомашинаи зарардидаро таъмир ё барқарор менамояд. Суғуртаи молу мулк (хона ва дигар амволи шахсӣ ё ҳуқуқӣ) баъди ба амал омадани ҳодисаҳои нохуш (офатҳои табиӣ, сӯхтор, боришоти зиёд, тӯфон, заминларза, тармафароӣ) инчунин, зарар дидани молу мулки дохили хонаро дар ҳама ҳолатҳо барқарор месозад. 
Суғурта ташвишҳои Шуморо, вобаста ба зарарҳои эҳтимолии алоқаманди пулӣ коҳиш дода, имкон медиҳад, ки Шумо ба зиндагӣ худ диққат диҳед, на ба ташвишу барқарорсозии зарарҳои бамиёномада. 
Муҳим он аст, ки Шумо бояд суғуртаро дуруст дарк карда, ҳуқуқу манфиатҳои суғуртавии худро донед!

Шарҳ