Пасандоз ва муҳиммияти он
Дар ҳаёти ҳар як шахс метавонад ҳолатҳои ғайричашмдошт, ба мисли хароҷоти фаврии тиббӣ, аз даст додани кор, зарурати таъмири манзил ё дигар ҳолатҳо рух диҳанд. Дар чунин ҳолатҳо маблағи пасандозшуда мушкили молиявии Шуморо осон менамояд.
Ҳатто ба маблағи кам низ пасандоз намудан бо гузашти вақт метавонад ҳамчун "болишти бехатарии молиявӣ" ба Шумо кӯмак намояд.
Саводнокии молиявӣ ва малакаи идоракунии пул асоси ояндаи устувор аст. Бинобар ин, пасандозкуниро аз имруз оғоз намоед, то фардо аз ҷиҳати молиявӣ мустақил бошед!
Шарҳ