logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-04-04 0

Роҳҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ

Дӯстони азиз!

Барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии худ тавсияҳои зеринро иҷро кунед: 
1. Омӯзиши идоракунии маблағҳои шахсӣ (тартибдиҳии буҷет, назорати даромад ва хароҷот, гузоштани ҳадафи молиявӣ);  
2. Омӯзиши маҳсулоти молиявӣ (доштани маълумот оид ба қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, сармоягузорӣ ва суғурта, то ки тавонед қарорҳои оқилона қабул кунед); 
3. Хонед ва омӯзед (аз хабарҳои иқтисодӣ ва молиявӣ огаҳ бошед, китобҳо вобаста ба саводнокии молиявӣ мутолиа кунед ва дар семинарҳову тренингҳо фаъолона иштирок намоед); 
4. Истифодаи барномаҳои молиявӣ (барномаҳои замонавӣ ба Шумо дар банақшагирӣ ва назорати маблағҳои худ, таҳлили хароҷот ва ёфтани роҳҳои беҳтарини пасандоз кӯмак мерасонанд); 
5. Ба фестивали саводнокии молиявӣ ташриф оред, зеро дар чорабинии мазкур Шумо метавонед бо мутахассисон машварат кунед, вобаста ба маҳсулоти ташкилотҳои молиявӣ маълумот пайдо намоед ва дар бурди тӯҳфаҳо иштирок намуда, туҳфаҳои хотирмонро ба даст оред! 

Якҷо бо мо сатҳи саводнокии молиявии худро боз ҳам баланд бардошта, ояндаи устувор ва боварии худро дар ҳар гуна вазъи иқтисодӣ таъмин намоед

Шарҳ