Сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, рушди бозори металлҳои қимматбаҳо ва диверсификатсияи захираҳои аҳолӣ фуруши сабикаҳои ченакии тиллоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба роҳ мондааст.
Сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар корхонаҳои холискории Metallor Technologies SA Швейтсария, ки дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон ва сифати байналмилалии London Good Delivery бо иёри 999,9 мебошанд, тайёр карда шудаанд.
Нархи фурӯш ва бозхариди сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза бо пули миллии сомонӣ дар асоси фиксинги пагоҳирӯзии иттиҳоди бозори филизоти қиматбаҳои Лондон муқаррар карда шуда, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj ҷойгир карда мешавад.
Сабикаҳои ченакӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути хазинаи Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2 ва шуъбаҳои минтақавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳраки Ғарм, инчунин аз ҷониби бонкҳои ҷумҳурӣ фурӯхта мешаванд.
Маълумоти муфассалро метавонед тавассути рақамҳои 44 600 32 77 пайдо намоед.
Шарҳ