logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2025-02-20 0

Фестивали "Саводнокии молиявӣ" дар ноҳияи Спитамен

Санаи 14.02.2025 дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен якҷоя бо масъулини ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа, фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия маҳсулотҳои ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби масъулин дар хусуси амалиётҳои бонкӣ маълумотҳои мушаххас пешниҳод карда шуд. Дар дохили бинои Қасри фарҳанг чорабинии мазкур идома ёфта, сухани ифтитоҳиро Муовини якуми Раиси ноҳияи Спитамен Муҳаммадназар Ҷовид оғоз намуд ва барои мусоидат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои “Стратегияи милии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ба намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ миннатдорӣ баён намуд. Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ муовини Мудири Шуъбаи минтақавӣ Сираева З.Р. дар самти баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ сухан намуда, қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ҷиҳати шаффоф ва мушаххас гузаронидани амалиётҳои молиявӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ чораҳои зарурӣ меандешад ва барои таъмини шароити мусоид ба истеъмолкунандагон тамоми инфрасохтори соҳавиро муҳайё менамояд.
Илова бар ин, дар чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони Шуъбаи минтақавӣ Мавлонов З.Ш., номзади илми иқтисод, мудири кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Тӯхтаев Т.М. ва роҳбари филиали ҶСК “Алиф Бонк” дар ш.Хуҷанд Ҷураев С.К. доир ба мавзуҳои мубрами маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ, иштирокчиёни фестивал оиди масъалаҳои баррасишуда ба баромадчиён саволҳо пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби маърузачиён посухҳои муфассал дода шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби маърузачиён низ ба иштирокчиёни чорабинӣ вобаста ба рунамои пешниҳодшуда саволҳо дода шуда, ба шахсоне, ки ҷавоби дуруст пешниҳод намуданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Қайд бояд намуд, ки дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 2000 нафар аҳолии ноҳияи Спитамен бевосита иштирок намуда, саводи молиявии худро ба қадре баланд намуданд.

Шарҳ