logo
  • Phone:

    (992) 44 600-76-20
  • Email:

    fingram@nbt.tj
  • Location:

    Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 38/1  

image

Fingram 2024-11-01 0

Истифодаи кортҳоӣ бонкӣ

Ҳангоми истифодаи кортҳо ва рамзи он (PIN код) инҳоро дар хотир доред:

✅ бо корти худ мисли пули нақд эҳтиёткор бошед;
✅ PIN-коди худро дар хотир нигоҳ доред, онро ҳеҷ гоҳ бо корт якҷо нагузоред ва ба касе надиҳед;
✅ ҳангоми истифодаи банкоматҳо ва рақамчинӣ кардани PIN-код, муҳофизат кардани онро аз шахсони сеюм фаромӯш насозед ва нагузоред, ки одамони бегона дар ин кор ба шумо кӯмак намоянд;
✅ пас аз истифодаи банкомат гирифтани корти худро фаромӯш насозед;
✅ ҳангоми пардохт бо корт онро ҳеҷ гоҳ ба дигарон надиҳед, пардохт бояд дар ҳузури шумо сурат гирад ва PIN-кодро худатон ворид намоед;
✅ дар сурати гум кардан ё дуздида шудани корт фавран ба бонк муроҷиат намоед то онро маҳкам намоянд, ки дигарон онро истифода бурда натавонанд.

Шарҳ