Шумо ҳадаф ва орзуҳои бузург доред ва мехоҳед маблағи заруриро барои амалӣ намудан ҷамъоварӣ кунед? Қадами аввал осонтарин аст. Аз бақайдгирии даромад ва хароҷоти худ оғоз кунед, то тасаввуроти равшан пайдо кунед, ки даромад ва хароҷоти Шумо чӣ қадар аст, зеро банақшагирии буҷаи оилавӣ ва нақшаи хароҷоти шахсӣ метавонад кӯмак расонад. Пас аз муддате Шумо мефаҳмед, ки пулҳои худро бештар ба чӣ сарф мекунед ва дар куҷо метавонед хароҷотро коҳиш диҳед. Маслиҳати мо: аз аввал ҳаҷми маблағи муайянро интихоб кунед, ки онро мунтазам пасандоз хоҳед кард.