
Fingram 2025-04-01 0
Ҳадафи баргузории Фестивали саводнокии молиявӣ
Фестивали саводнокии молиявӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 баргузор карда мешавад.
Мақсад аз баргузории фестивали саводнокии молиявӣ - васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои ҷолиб мебошад.
Ҳадафҳои фестивали саводнокии молиявӣ:
- Ҳавасмандкунии аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ;
- Шиносоии иштирокчиён бо хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ ва омӯзишӣ;
- Пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва суғуртавӣ
Барои гузоштани шарҳ, лутфан ворид шавед.
Шарҳ